Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад

Март 20, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 март Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивали ҷаҳонии ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида,  ҳадафи он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.

Ҳадафи чорабинӣ муттаҳид намудани ҷавонони ҷаҳон дар асоси арзишҳои умумии сулҳ, дӯстӣ, гуногунии фарҳангӣ ва рушди устувор, дастгирии муколамаи фарҳангӣ ва мубодилаи афкор байни ҷавонони давлатҳои гуногун, тарғиби мероси фарҳангии Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ ва умед, эҷоди платформа барои ташаббусҳои ҷавонон, ки ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир нигаронида шудаанд, мебошад.

Дар доираи фестивал Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти сарони давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай дар Тянсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод гардида буд, доир мегардад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 20, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд