ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Довари марказӣ ва ёвари аввали довари бозии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои «Парвоз» ва «Истаравшан» (2:2) аз ҳакамӣ маҳрум карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
11 март Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи онлайнӣ баргузор кард, ки дар он шикояти дастаи «Истаравшан» оид ба голе, ки дар дақиқаи 90+3-и бозӣ ба муқобили дастаи «Парвоз» ба дарвозаи онҳо зада шуд, баррасӣ гардид.
Пас аз таҳлили наворҳои ин ҳодиса Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хулосае омад, ки довари марказӣ Наврӯз Воҳидов дар дақиқаи 90+3 голро иштибоҳан ҳисоб кардааст. Ин хато дар ниҳоят ба ҷараёни бозӣ таъсир расонд ва рақобат бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Бар асоси ин, Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки довари марказии бозии «Истаравшан» ва «Парвоз» Наврӯз Воҳидовро бо ёвари якумаш Фаридун Маҳмадиев аз доварии бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон барои се давр маҳрум кунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






