ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ

Март 9, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҷашни қадимӣ ва фарогир аст, ки дар тамоми минтақаҳои Осиё ва давлатҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мешавад. Наврӯз — ҷашни эҳёи табиат, бедории замин ва таваллуди сабзиву шукуфоист. Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидааст. Инсон бояд дар ҳамоҳангӣ бо табиат зиндагӣ кунад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ моҳияти сайёҳии экологиро ташкил медиҳад.

Назаре ба Наврӯз ҳамчун пояи фалсафии экотуризм

Дар фарҳанги Наврӯз тозагию озодагӣ, шинонидани дарахт, эҳёи замин ва эҳтиром ба неъматҳои табиат ҷойгоҳи марказӣ доранд. Дар айёми Наврӯз мардум ба домани табиат мебароянд, ба кӯҳсор, ба соҳили рӯдхонаҳо, ба саҳроҳои гулпӯш мераванд, то фароғату хурсандӣ дошта бошанд. Ин рафтори фарҳангӣ шакли ибтидоии сайёҳии экологӣ аст.  Агар дар Наврӯз мо хонаҳоро пок мекунем, пас дар экотуризм бояд муҳити зистро пок нигоҳ дорем. Агар дар Наврӯз мо дарахт мешинонем, пас дар экотуризм низ бояд табиатро ҳифз кунем. Ин анъанаҳо шакли нонавиштаи экотуризм ҳастанд.

Тоҷикистон — сарзамини Наврӯз ва табиати зинда

Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор ва сарчашмаи обҳои мусаффост. Қариб 22 фоизи масоҳати мамлакати моро ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ташкил медиҳанд. Ин рақам танҳо нишондиҳандаи оморӣ нест — ин далели масъулияти экологист. Яъне дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда 5 мамнуъгоҳи давлатӣ, 13 парваришгоҳ, 37 ёдгории табиӣ ва аз ҳама муҳим — Боғи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар ин ҳудудҳо 85 намуди ҳайвони нодир, аз ҷумла озодапаланг, архар, бузи морхур ва оҳуи бухороӣ ҳифз мешаванд. Ғайр аз ин парандаҳои нодири зиёдро вохӯрдан мумкин аст. Гулу дарахт ва растаниву гиёҳҳои шифобахши ин митақаҳо беҳисобанд. Инҳо танҳо объекти тамошо нестанд, инҳо мероси зиндаи табиатанд.

Дар ин маврид чунин савол ба миён меояд: Оё мо метавонем фазои Наврӯзӣ — яъне фазои эҳтиром ва покиро ба низоми идоракунии сайёҳӣ табдил диҳем?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки мисли табиат ва обу ҳавои форами Тоҷикистон дар ягон гӯшаву канори олам вуҷуд надорад ва ин табиатро бояд самараноку оқилона истифода бурд. Сарвари давлат махсусан ба истифодаи дурусту манфиатовари зарфияти экосайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушахас низ дода буданд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои пешрафта дар соҳаи сайёҳӣ табиатро ҳамчун сармояи миллӣ эътироф кардаанд ва боғҳои миллии онҳо ба марказҳои иқтисодӣ табдил ёфтаанд. Метавонам Yellowstone National Park ва Yosemite National Park -ро дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, инчунин Corcovado National Park  дар Коста Рика ва Swiss National Park дар Швейтсария мисол орам, ки онҳо ба «марвориди экотуризм» табдил ёфтаю солона миллионҳо нафар сайёҳро қабул карда, садҳо ҷойи кор фароҳам сохтаанд. Ин давлатҳо ба хубӣ дарк кардаанд, ки табиат агар ҳифз шавад — иқтисод рушд мекунад.

Мушкилот ва дурнамо

Дар Тоҷикистон инфрасохтори хизматрасонӣ дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест ва бояд ба ин самт таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард. Масалан, дар навбати аввал бояд кемпинг ва глемпингҳо ташкил намуда, сайёҳонро ҷалб кард ва вобаста ба имконияти мавҷуда тарғиботро бештар сохт. Яъне имрӯз бояд зиёдтар ба маркетинги байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

Зимни пешбурди фаъолияти маркетингӣ дар доираи Лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ки аксари сайёҳони олам мехоҳанд аз табиати дастнохӯрда дидан кунанд ва ҳамин гуна табиат дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Имрӯз дар платформаҳои рақамии соҳаи сайёҳии мамлакат, аз ҷумла саҳифаҳои Travel to Tajikistan мавзеъҳои саёҳии мамлакат, хосса мавзеъҳои табиии барои саёҳатҳои экологӣ мувофиқ ба таври густурда тарғиб мешаванд. Ҳамин гуна корҳои тарғиботӣ бояд аз ҷониби ҳар сохтори дахлдор, ҳар ширкати сайёҳӣ ва ҳар нафари масъул дар соҳа на танҳо бо фарогирии аҳолии Тоҷикистон ва минтақа, балки фарохтар аз он, бахусус бо фарогирии кишварҳои хориҷи дур амалӣ карда шаванд.

Бартарӣ назар ба давлатҳои дигар

Мо як бартарии бузург дорем — фарҳанги наврӯзӣ. Ин бартариро дигар давлатҳои олам, манзурам мамлакатҳои берун аз ҳавзаи Наврӯз надоранд. Аксари давлатҳои ҳавзаи Наврӯз табиати зебову дилфиреб ва кӯҳҳои баланд надоранд. Агар мо сайёҳиро бо арзишҳои Наврӯз пайванд диҳем, метавонем модели миллӣ эҷод намоем: модели «Экотуризми наврӯзӣ»- моделе, ки дар он иқтисод, фарҳанг ва табиат дар як ҳалқаи ҳамоҳанг қарор мегиранд.

Мутахассиси соҳибтаҷриба — муҳаррики асосии рушди соҳа

Ин ҷо масъалаи омӯзиши ҷомеаи маҳаллӣ ҳамчун посдори табиат ба миён меояд. Барои сокинони деҳаҳое, ки дар саргаҳи дараҳои доманадору мувофиқ ба саёҳати экологӣ ҷойгиранд, семинарҳои омӯзишӣ ва ҳатто даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши хизматрасониҳо ташкил намудан зарур аст. Дар ин ҳолат ширкатҳои сайёҳӣ метавонанд бо харҷи камтари маблағ хатсайрҳои экологии наврӯзӣ ё баҳориро дар доманакӯҳу водиҳо ташкил намоянд. Чӣ тавр? Онҳо дар маҳал бо нафароне, ки таҷриба касб кардаанд, ҳамкорӣ мекунанд ва ҳадди ақалл аз ҳисоби роҳкиро маблағашонро сарфа менамоянд.

Ҳамоҳангии оинҳои наврӯзӣ бо низоми экотуризм

Наврӯз ба мо меомӯзад, ки ҳар қатраи об муқаддас аст, ҳар дарахт рамзи ҳаёт аст ва ҳар гул паёми умед. Ҳадафи сайёҳии экологӣ ҳифзи ҳамаи ин арзишҳост. Аз ин рӯ, мо метавонем Наврӯзро ҳамчун маҳаки асосӣ дар рушди экосайёҳӣ истифода барем. Яъне тавассути Наврӯз иқтидори сайёҳии экологиро дар ҷаҳон муаррифӣ намоем ва ин боис мешавад, ки дар дигар мавсим низ сайёҳони экологӣ ба мамлакатамон омада, аз зарфияти табиии мо баҳра баранд.

Таҷриба ва амал

Соли гузашта мо дар Боғи табиии Сари Хосор ва дар филиали Боғи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш будем. Табиат тамоман дигаргуна, рангорангии нотакрор, ҳайвоноти нодир. Он ҷо мо дарк кардем, ки табиат танҳо манзара нест, балки эҳсос аст.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳадафи таъсиси ин шабакаи телевизионӣ тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Дар давраи кӯтоҳи фаъолият ҳайати эҷодии муассиса, аз ҷумла дар самти сайёҳии экологӣ тавонист якчанд барномаи тағиботӣ таҳия ва манзур намояд. Барномаи «Экотуризм» аз ҷумлаи онҳост, ки ҳадафаш пурра ба кашф ва муаррифии мавзеъҳои сайёҳии экологӣ равона гардидааст. Дар ин давра беш аз 100 барнома рӯи навор омадааст ва аксаран мавзеъҳое тарғиб шудаанд, ки то ин вақт дар ин самтҳо хатсайрҳои сайёҳӣ фаъол набуданд. Дар ин замина ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хатсайрҳои нав ташкил карда, сайёҳони дохилию хориҷиро барои анҷом додани саёҳати экологӣ бурданд. Яке аз ҳадафҳои асосии экосайёҳӣ ин ҳифз ва пок нигоҳ доштани табиат аст. Мутаассифона, баъзе сайёҳоне, ки на тавассути ширкатҳои сайёҳӣ, балки бо ихтиёри худ ба табиат барои истироҳат мераванд, талаботи экосайёҳиро риоя намекунанд. Партовро дар ҳар ҷое, ки хостанд, мегузоранд. Ба ҷои он ки табиатро ҳифз кунанд, баръакс, ифлос менамоянд. Махсусан дар барномаи «Экотуризм» мо борҳо ҳашари тозагии соҳил баргузор намуда, аз канори дарёчаҳо, соҳили кӯлҳо ва болои сабзазору дигар гӯшаҳои табиат ҳар гуна партовҳоро ҷамъоварӣ карда, ба қуттиҳои махсус гузоштем. Дар давлатҳое, ки дар онҳо сайёҳии экологӣ рушд кардааст, талаботи ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Ба мавзеъҳои табиии воридшавии сайёҳон бе рухсаномаи махсус ва бе роҳбалади соҳибкасб иҷозат дода намешавад. Имрӯз вақти амал намудани ҳамин низом дар мавзеъҳои табиӣ, алалхусус дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон ҳам фаро расидааст. Дар чунин ҳолат ҷавобгарии тозагӣ дар мавзеи сайёҳӣ бар зиммаи ширкати сайёҳӣ вогузор мешавад ва низоми сайёҳии экологӣ ба тартиб медарояд.

Моро зарур аст, ки боигарии табиии мамлакатро самаранок истифода барем. Мо он вақт ба ин мақсад мерасем, ки агар идоракунии илмӣ амал кунад, ҷомеаи маҳаллӣ манфиатдор бошаду табиат ҳамчун арзиши муқаддас пазируфта шавад. Дар ин маврид мо метавонем, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «кишвари сабз» муаррифӣ кунем, аз табиат манфиати иқтисодӣ гирем ва сатҳи некуаҳволии аҳолиро чанд маротиба боло бардорем.

Садриддин СИРОҶИДДИНЗОДА,
сардори раёсати сайёҳии ТВ «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 9, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст