ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 март аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ Рӯзи байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ эълон гардидааст. Он бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба вазифаҳои муҳиме, ки аз ҷониби хадамоти мудофиаи гражданӣ ва мудофиаи миллӣ иҷро карда мешаванд — наҷот додани ҳаёт ва муҳити зист таъсис дода шудааст.
Дар айни замон 61 давлат аъзои Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ буда, 16 кишвар мақоми нозирро доранд ва беш аз 20 давлат аъзои ҳамкор мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2016 аъзои Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мебошад. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳаи мудофиаи гражданӣ дар мамлакат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Кумита дар доираи ваколатҳояш аз 16 феврали соли 2016 бо Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ҳамкории судмандро идома медиҳад. Бо фаъолияти пайвастаи кормандони кумита аҳолӣ дар бораи чораҳои муҳим дар ҳолатҳои фавқулода, аз қабили обхезиҳо, заминларзаҳо, сангрезӣ, тармафароӣ ва сӯхтор огоҳ карда мешавад.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2025 барои омодасозии аҳолии мамлакат ба чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ 369 машқи мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд. Ба гузаронидани ин чорабиниҳо 78 ҳазору 258 нафар аҳолӣ ҷалб карда шуд.
Бояд гуфт, ки ташкили мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ ва таъмини бехатарии мамлакат ба шумор меравад. Он маҷмуи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки барои ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ равона шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муносибатҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таҳия намудааст. Ҳадафи ин стратегия паст намудани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатари нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад.
Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барномаи мобилии «SOS» таҳия намудаанд, ки яке аз муҳимтарин вазифаи он кумак ба аҳолӣ дар вазъияти фавқулода мебошад.
Замимаи мобилии «SOS» роҳи ҳалли ҳамаҷониба барои беҳтар намудани бехатарӣ ва омодагии одамон ба ҳолатҳои фавқулода мебошад. Ин барнома воситаи беҳтарин барои таълими асосҳои рафтори бехатар, вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва дарёфти иттилооти муосир дар ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.
Хусусияти аслии ин маводи омӯзишӣ маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарие мебошанд, ки аз ҷониби коршиносони ҳолатҳои фавқулода таҳия шудаанд. Барнома дорои огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода, огоҳиҳои фаврӣ дар бораи тағйирёбии обуҳаво ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дар минтақа мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоте аст, ки вазифааш аз бартараф сохтани ин ё он ҳодисаи табиӣ ва дар маҷмуъ мудофиаи шаҳрвандон иборат мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






