Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд

Март 26, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 26.03.2026./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҷавонони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти ин ниҳод аз наздик шинос шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад, меҳмонон аз фаъолияти Стансияи обуҳавосанҷии шаҳри Душанбе, Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ, Санҷишгоҳи сайёри мушоҳидаи ҳавои атмосферӣ, нақлиёти махсуси корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ, таҷҳизот ва сарулибоси махсус барои мушоҳидаи пиряхҳо, захираи барф ва кӯлҳои пиряхӣ шинос гардида, расму нигораҳои табиати нотакрори Тоҷикистонро тамошо намуданд. Инчунин ба меҳмонон оид ба раванди кори ҳаррӯзаи мутахассисони соҳа, истифодаи технологияҳои муосир, усулҳои таҳлил ва ҷамъоварии маълумоти обуҳавошиносӣ аз наздик шинос гардида, доир ба нақши муҳими онҳо дар таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувор маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Сипас дар доираи барномаи Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва фаъолияти ҷавонон: пешбурди амалиёти минтақавӣ дар кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай» бо иштироки васеи меҳмонон ва кормандони Агентӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он масълааҳои марбут ба раванди тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд.

Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» рамзи навсозӣ, ҳамбастагӣ ва сулҳи байни миллатҳо арзёбӣ мегардад. Ҳадафи асосии он муттаҳид сохтани ҷавонони ҷаҳон дар асоси арзишҳои умумӣ — сулҳ, дӯстӣ, гуногунии фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.

Чорабинӣ барои густариши муколамаи фарҳангӣ, табодули афкор ва тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонони кишварҳои гуногун замина фароҳам оварда, барои пешниҳоди ташаббусҳои ҷавонон фазои мусоид муҳайё месозад. Ин ташаббусҳо ба ҳалли мушкилоти муҳими ҷаҳони муосир, аз ҷумла мубориза бо тағйирёбии иқлим, тавассути фаъолияти ҷамъиятӣ, иштироки фаъол дар таҳияи сиёсат ва рушди ҳамкории минтақавӣ равона гардидаанд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 26, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад