Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст

Март 27, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корти Visa дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 ташкилоти молиявии кишвар дастрас аст. Чунин ҳамкории густурда бо бахши бонкӣ ва рушди маҳсулот оид ба маҳаллисозии пардохтҳо як қисми рисолати Visa буда, дастгирии мизоҷон дар амалиёти молиявии ҳаррӯзаи онҳо, ки пардохти харидҳо, интиқоли маблағҳо ва пардохтҳои онлайнро қулайтар, дастрастар ва бехатартар мегардонад, мебошад.

Visa, ширкати пешсафи ҷаҳонии соҳаи пардохтҳои рақамӣ, зиёда аз 20 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 сол дар Осиёи Марказӣ фаъолият мекунад ва ҳамчун шарики боэътимоди технологӣ барои кишварҳои минтақа баромад менамояд. Кӯшишҳои ширкат дар заминаи сиёсати давлатӣ рушд меёбанд: давраи солҳои 2025–2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия эълон шудааст. Дар доираи ин курс инфрасохтори бонкӣ рушд мекунад, хизматрасониҳои финтех васеъ мегарданд ва ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ меафзояд. Ин дар омор низ инъикос меёбад: тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар давраи  моҳи январ то декабри соли 2025 шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ дар муомилот 23,7% афзоиш ёфта, шумораи амалиёт бо истифодаи онҳо — 25% зиёд шудааст. Ин нишондиҳандаҳо афзоиши устувори таваҷҷуҳ ба усулҳои пардохти ғайринақдӣ ва истифодаи ҳаррӯзаи кортҳои бонкиро тасдиқ мекунанд.

Имконияти пардохти харидҳо бо корти Visa, интиқоли маблағ ба наздикон ва илова кардани корт ба ҳамёнҳои электронӣ барои пардохт бо сомонӣ, амалиётҳои дохилиро барои истифодабарандагон шаффоф ва пешгӯишаванда мегардонад. Пардохтҳо бевосита бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд, ки хароҷоти эҳтимолии вобаста ба конвертатсияро коҳиш медиҳад.

«Корти Visa бо сомонӣ дар бонкҳои пешбари Тоҷикистон дастрас аст. Бо онҳо пардохти харидҳо ва гирифтани пули нақд дар дохили кишвар бо сомонӣ қулай буда, ҳангоми сафар ба хориҷ – аз конвертатсияи асъор бе зарурати гирифтани маҳсулоти иловагии бонкӣ истифода бурдан мумкин аст. Корти мазкур на танҳо дастрасӣ ба пардохтҳои қулайро мекушояд, балки ба пешниҳодҳои гуногуни шарикон дар соҳаи саёҳат, фурӯши чакана, тарабхонаҳо ва фароғат низ роҳ мекушояд. Рисолати мо – дастгирии мардум дар қадамҳои ҳаррӯза, таъмини пардохтҳои осон, интиқолҳои қулай ва бехатар мебошанд», – таъкид намуд Санжар Сулейманов, муовини президент ва менеҷери минтақавии Visa дар Осиёи Марказӣ.

Ширкати Visa минбаъд низ барои таъмини роҳатӣ ва амният ба мизоҷон, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодии кишвар ва минтақа, маҳсулотҳои инноватсионӣ ва фардишударо пешниҳод хоҳад кард.

Март 27, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст