Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маросими қадршиносии беҳтаринҳо ва ташкилоти ҳамкор дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Чорабинӣ бо намоиши навори кӯтоҳи телевизионии «Душанбе — шаҳри ҷавонӣ ва дастовардҳои варзишгарон» оғоз гардида, дар қисмати расмии он меҳмонон фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки давоми соли 2025 дар пойтахт якчанд чорабинии муҳиму таъсирбахш барои дастгирии ҷавонон, рушди илмҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти волонтёрӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш баргузор гардида, ҷавонону варзишгарони пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар идома барои ҳамкории судманд ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш як зумра нафарони фаъол ва ташкилоти ҳамкор бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои рамзӣ қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид






