МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон растаниҳои шифобахше мерӯянд, ки ба саломатии инсон хеле муфиданд. Ин гиёҳҳои шифобахш асосан дар доманаи кӯҳу теппаҳо мерӯянд ва хусусияти табобатии онҳо хеле баланд мебошад. Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои худрӯи шифобахш мавҷуд аст, аз ҷумла гиёҳи ҷағ-ҷағ ва ҷамилак, ки аз онҳо хӯрокҳои болаззат низ омода карда мешаванд.
Ҷағ-ҷағ барои давои фишорбаландӣ ва гурда истифода бурда мешавад
Гиёҳи ҷағ-ҷағ ва ҷамилак низ аз ҷумлаи ин гуна растаниҳоянд, ки аз ҷониби кадбонуҳо ба таври маъмул истифода мешаванд.Ҷағ-ҷағ гиёҳи яксолае аст, ки ба оилаи карам мансуб буда, моҳҳои март-май мешукуфад ва дар моҳҳои апрел-июл мева медиҳад (мевааш дона аст). Баргҳои навкӯфтаи ҷағ-ҷағро барои ғизо истифода мебаранд. Аз баргаш самбӯса тайёр менамоянд. Онро ба хӯришҳои сабзавотӣ ва хӯрокҳои гуногуни моеъ илова менамоянд. Баргҳои ҷавону нозуки ҷағ-ҷағ ба хӯришҳо бӯйи хуш, тундӣ ва хушбӯйӣ мебахшанд.
Баъди се моҳи зимистон, вақте ки организм ба витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои минералӣ, ферментҳо ва дигар витаминҳои манфиатовар эҳтиёҷ пайдо менамояд, барои хӯрок барги ҷавони ҷағ-ҷағро истифода бурдан хеле муҳим аст. Аз баргҳои ҷавони растаниҳое, ки дар аввали баҳор мерӯянд, ҳамчун моддаҳои фаъоли биологие, ки барои организм зарур мебошанд, истифода бурдан хеле муҳим аст. Ҷағ-ҷағ иштиҳо меорад, ҷудошавии шарбати меъдаро беҳтар менамояд, таъсири сабуки исҳолкунанда ва балғамбарор дорад.
Қисмати рӯизаминии ин гиёҳ қанд, флавоноидҳо, кислотаҳои органикӣ, равғани эфирӣ, витаминҳои С, V2 ва К, каротин, инозитол, холин, атсетилхолин ва дигар моддаҳоро дар бар мегирад. Тухми он то 28 фоизи равған ва миқдори ками гликозиди синигрин дорад.
Бояд гуфт, ки растании ҷағ-ҷағ аз замонҳои қадим дар тибби халқӣ барои муолиҷаи касалиҳои гуногун васеъ истифода мешуд. Абӯалӣ ибни Сино ҷағ-ҷағро асосан барои хунравиҳои гуногун (бачадон, меъда, шуш, гурда, бинӣ ва хунравии захмҳо, бавосир) тавсия додааст. Барои боздоштани хунравӣ аз захмҳо барги ҷавони растаниро кӯфта, ба ҷойи хунравӣ мемоланд.
Дар таркиби ин гиёҳ туршиҳои органикӣ, витаминҳои С ва К ва равғани эфир мавҷуданд. Қиёми ҷағ-ҷағро барои нигоҳ доштани хунравии узвҳои дарунӣ истифода мебаранд. Ҳоло бо доруҳои аз ҷағ-ҷағ тайёршуда беморони гирифтори фишорбаландӣ ва гурда табобат карда мешаванд.
Баргу пояи ҷағ-ҷағро охирҳои моҳи апрел ғундошта, дар соя хушконида, сипас кӯфта гирифтан зарур аст. Барои табобати фишорбаландӣ ба 0,5 литр оби ҷӯшонида 2-2,5 қошуқ ҷағ-ҷағи кӯфтаро андохта, 7-8 соат дам карда мемонанд ва баъд онро аз дока мегузаронанд. Ҳар рӯз 3-4 бор бояд аз он 1-2-қошуқӣ истеъмол намуд.
Ҷамилакро барои тақвияти кори дил ва заъфи асаб истифода мебаранд
Ҷамилак аз ҷумлаи беҳтарин давоҳоест, ки метавон онро хушк карда, тамоми фасли сол истифода бурд. Замонҳои пеш кадбонуҳо зимни пухтани оши бурида, далда ва дигар таомҳои ба ин монанд аз ҷамилак фаровон истифода мебурданд. Он санги гурда ва пешобдонро майда карда мерезонад.
Буқрот ва Абӯалӣ ибни Сино ҷамилакро барои муолиҷаи захмҳо истифода бурдаанд. Дар тибби халқии тоҷикон ҷӯшоби барги ҷамилак дар мавриди бемориҳои гулӯ, иллати узвҳои меъдаву рӯда, дилбеҳузурӣ ва дигар амроз истифода мешавад. Чойи гулу барги ҷамилак давои иштиҳоовар, пешоброн ва арақрон аст.
Нақеъи (маҳлули) ҷамилакро барои тақвияти кори дил, ҳангоми ғалаёни хун, заъфи асаб, амрози меъдаву рӯда, исҳол ва бемориҳои рӯдаи ғафс истифода мебаранд. Марҳами баргу гули ҷамилакро ба захму омосҳо мебанданд.
Табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки аз касалиҳои пӯст азият мекашанд, метавонанд бо ҷӯшоби ҷамилак оббозӣ намоянд, ки ин аз манфиат холӣ нест. Дар тибби муосир доруҳои аз ҷамилак тайёршударо барои муолиҷаи ғалаёни хун, атеросклерози баъдисактавӣ ва дигар бемориҳои дилу рагҳо, инчунин ҳангоми заъфи меъдаву рӯда (дарди меъда, дилбеҳузурӣ, заъфи иштиҳо) тавсия медиҳанд.
Ба тавсияи табибони халқӣ, агар ҷамилакро бихӯранд, фараҳ меоварад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд, узвҳои даруни шикам ва синаро қувват мебахшад, бӯйҳои бадро аз бадан дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад, кирмҳои шикамро хориҷ мегардонад.
Бино ба тавсияи мутахассисон, ҷамилакро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, оруғ ва чакмезакро нест мекунад, санги масонаро майда карда мерезонад ва арақи бадбӯйро ислоҳ менамояд.
Кадбонуҳои тоҷик ҷамилакро дар хӯрокҳои гуногун ба таври васеъ истифода мебаранд. Он дар умоч- хӯроки қадимаи тоҷикон истифода мешавад. Ҳангоми тайёр намудани умоч аз гиёҳҳои гуногуни тар ва ё хушккардашуда истифода бурдан мумкин аст. Ин хӯрок хосияти тоза намудани меъдаю рӯдаҳоро дорад, дамиши шикамро паст ва ҳазмкуниро осон менамояд. Ҳамзамон аз ин навъи гиёҳҳо хӯрокҳои хамирӣ, ба монанди самбӯса, манту, хонума ва дигар навъ таомҳои болаззат омода карда мешавад.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд






