Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон арзишмандтарин дастовард дониста шуда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Бо шарофати Истиқлол миллати тоҷик соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд.
— Маҳз Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки матбуоти тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи миқдор пешсаф бошад. Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши бориз гузошта, инсонҳоро ба сӯи фардои дурахшон ва ояндаи нек раҳнамун месозанд. Фаъолияти босамари воситаҳои ахбори омма, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огоҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорӣ мегардад. Матбуоти тоҷик дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум ва ҳифзи арзишу манфиатҳои миллиамон саҳми арзанда гузоштааст.
Воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун самти муҳимми сиёсати давлат ва маънавиёти ҷомеа дар таҳкими рисолати миллии давлатдорӣ нақши бендоза доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «дар воқеъ, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадиру муассир мерасонанд».
Матбуоти тоҷик дар 114 соли мавҷудият масири пурифтихореро тай намуда, дар роҳи иттилоърасонӣ, равшангарии афкори ҷомеа, ривоҷ додани андешаи миллӣ ва тафаккури созанда саҳми босазо гузоштааст. Рӯзи матбуоти тоҷик ба нашри нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» рабт дорад. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ, ««Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ба вуҷуд омадани нашрияҳои баъдинаи тоҷикӣ, ба монанди «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо самараи ин нашрия мебошанд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди воситаҳои ахбори омма заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа танзим карда мешавад.
Моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳар шахс новобаста аз тобеияти шаҳрвандӣ, мансубияти динӣ ва миллию вазъи иҷтимоӣ аз озодии сухан истифода барад.
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат, шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ — ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад ва дар воситаҳои ахбори омма ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манофеи миллӣ, ташаккули худшиносӣ ва мафкураи миллӣ ва рақобат дар набардҳои иттилоотӣ пайваста ба назар мерасад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «ҳифзи манофеи миллию давлатиамон дар асри ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои геополитикӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, махсусан воситаҳои ахбори омма маҳсуб мешавад».
Нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таъриху фарҳанг ва оромиву суботи сиёсии Тоҷикистон хеле барҷаста мебошад. Тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат маҳз ба воситаи матбуот, рӯзномаю маҷаллаҳо, радиою телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ доир мегардад. Силсилаи барномаҳои радиою телевизион, ташкили рубрикаю гӯшаҳо дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо бозгӯйи моҳият, аҳамият, зарурат, воқеияти субот сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеа буда, мавзуи асосии маводу матлаби агентиҳои иттилоотӣ бештар фарогири сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якдилию якдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат, худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ мебошад.
Воситаҳои ахбори оммаи тоҷик дар маҷрои нави сиёсат низ мавқеи худро устувор нигоҳ дошта, чун узви ҷудонашавандаи воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ мегарданд ва фаъолияти худро идома медиҳанд. Воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ дар инъикоси матлабҳо оид ба сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ пайваста фаъолтаранд ва дар ҳар маводи онҳо муносибати ин воситаҳоро ба сиёсат дарёфтан мумкин аст. Манфиатҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии тарғибу ташвиқ дар воситаҳои ахбори омма буда, доимо пайгирӣ мешаванд. Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа саҳм дошта, матолиби ҷолибро дар қолаби жанрҳои мақола, мусоҳиба, репортаж, мухбирнома, нигориш, лавҳа ва хабар ба хонандагон мерасонад.
Дар ҳақиқат, воситаҳои ахбори омма марҳилаи хеле муҳимми тақдирсозро тай намуда, рисолати худро дар назди давлату миллат ва халқу Ватан иҷро намуда истодаанд. Воситаҳои ахбори омма аз оғози пайдоиш чун воситаи муҳимми иттилоърасон ва таъсиррасон ба тафаккури ҷомеа шинохта шудаанд. Он дар баррасии масоили муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир хеле муассир аст ва ҳар давлат аз он чун воситаи асосии таҳвилдиҳии идеология ва татбиқи мақсадҳои худ истифода менамояд. Бо фароҳам омадани низоми сиёсии муътадил замина барои воситаҳои ахбори оммаи озод, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои мустақил густариш ёфт. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.
Воситаҳои ахбори оммаи миллӣ имрӯз ба таври густурда масъалаи дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, бароҳмонии сиёсати дурусти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ андешидани чораҳои воқеии муассир, қабули якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро пайваста инъикос менамоянд.
Воситаҳои ахбори омма дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ таъсири амиқ мегузоранд. Муҳаққиқ Г.Ласуэл бар он аст, ки вазифаи воситаҳои ахбори омма аз ҷамъ ва паҳн кардани итилоот, шарҳи иттилоот, ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва паҳн кардани фарҳанги муайян ба ҷомеа иборат аст.
Воситаҳои ахбори омма дар бобати сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои таърихиву фарҳангии мардум ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат мавқеи асосӣ дорад. Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи он зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ воситаҳои ахбори оммаи мамлакат хеле рушд карда, имрўз инфрасохтори соҳа ба шароит ва талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шудааст. Таъсиси шабакаҳои нави телевизионӣ барои боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии мамлакат ба иттилооти зарурӣ мусоидат менамояд. Дар чунин марҳала пурра гардонидани фазои иттилоотии кишварамон ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки «дар замони таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва тезутундшавии зиддияти геополитикӣ ахбор ва гузоришҳои телевизиону радио ҳамчун воситаи муҳимми таъсиргузории сиёсӣ барои таъмини амнияти давлатҳо нақши калидӣ доранд. Дар чунин марҳала пурра гардонидани фазои иттилоотии кишварамон ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва ҳукумати мамлакат буда, воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ нисбат ба дигар расонаҳои иттилоотӣ бояд фаъол бошанд».
Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаби рӯз ва ташаккули афкор бартарӣ доранд. Изофатан, сомонаҳои он, ки ҷузъи асосии расонаҳои хабарии муосир мебошанд, фазои «иттилоотии ҳаррӯза» — ро пурра мегардонанд. Аксари кулли масъалаҳо дар воситаҳои ахбори омма ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда мешаванд. Махсусан, дар арсаи сиёсат воситаҳои ахбори омма дар афзудани афкори сиёсии омма нақши муассир доранд.
Расул МАҶИДЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






