Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйдодҳои муҳими фарҳангии шаҳри Минск — Намоишгоҳи байналмилалии китоби XXXIII Минск ва Симпозиуми байналмилалии адибон таҳти унвони «Нависанда ва замон», ки аз 17 то 22 марти соли 2026 идома меёбад, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.
Имсол дар намоишгоҳ тақрибан 500 иштирокчӣ аз 23 кишвар иштирок доранд. Яке аз мавзуъҳои асосии чорабинӣ 35-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ба ҳар як давлати иштирокдор лавҳаи алоҳидаи намоишӣ ҷудо карда шуд.
Гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи ҷолиб оро ёфта, аксҳои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳо, инчунин китобҳои Сарвари давлат ва дигар нашрияҳои муҳимро дар бар мегирад.
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ғурфаи алоҳида ташкил гардид, ки дар он меҳмонон бо мероси ғании адабӣ ва фарҳангии кишвар шинос шуданд. Гӯша бо услуби миллӣ бо истифода аз матоъҳои атлас ва сӯзанӣ оро дода шуда, дар он осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин осори барҷастаи адабиёти тоҷик ва китобҳои олимону нависандагони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуданд.
Барои муаррифии шоистаи осори адабии тоҷик ва рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Минск, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовези ғании китобҳои тозанашр иштирок намуд.
18 март маросими ифтитоҳи яке аз чорабиниҳои муҳими намоишгоҳ «Международный квартал» баргузор гардид. Дар ҳошияи он, намояндагони кишварҳои иштирокдор, вазорату сохторҳои кишвари иқомат, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ИДМ, меҳмонон аз гӯшаи Тоҷикистон боздид намуданд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим Симпозиуми байналмилалии адибон таҳти унвони «Нависанда ва замон: фазои ягонаи гуманитарии ИДМ ҳамчун роҳи муқовимат ба чолишҳои муосир» буд, ки дар он намояндагони маъруфи аҳли адаб, аз ҷумла драматург ва нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ва сармуҳаррири маҷаллаи русизабони «Помир», нависанда ва тарҷумон Саид Сангин иштирок карданд.
Қисмати муҳими барнома муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 19 март баргузор шуд. Ба меҳмонон навори видеоӣ оид ба кишвар намоиш дода шуд ва сипас суханронии табрикотии Сафири Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Қисмати фарҳангии чорабинӣ воқеан бо мазмуну муҳтавои ғанӣ хотирмон буд: осори Абӯабдуллоҳ Рудакӣ «Дониш андар дил чароғи равшан аст» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат гардида, хонандагони Мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов суруди «Кӯдакони ширинзабон»-ро иҷро карданд ва композитсияи мусиқӣ ва шеърии «Истиқлол» бо ҳамроҳии фортепиано фазои ифтихор аз истиқлолият ва арзишҳои миллиро ифода кард.
Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуда, боиси афзоиши таваҷҷуҳи самимӣ ба фарҳанг, адабиёт ва анъанаҳои миллӣ гардид.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Минск на танҳо имкони муаррифии мероси миллӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ, балки қадами муҳим дар таҳкими муколамаи фарҳангҳо, густариши робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ ба шумор меравад.
Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб то 22 марти соли 2026 идома хоҳад ёфт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус


















Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






