Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо иштироки беш аз 10 ҳазор тамошобин баргузор гардид. Дар ин мусобиқа паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд, хабар медиҳал шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Паҳлавонони тоҷик ба монанди Субҳиддин Халилзода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Муқтадири Бобоҷон, Фарҳод Раҳматуллобеков, Акмал Муродов, Ҳайдар Саидкабирзода, Муллораҷаб Халифаев, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳаммадиқбол Тошев, Ҳамроз Раҷабов, Наврӯз Каримзод, Ориф Додов, Абуллои Ориф, Зикруллоҳ Шарипов ва Ҷонона Назарова нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.
Барои ғолибон мусобиқа туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла 4 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза гузошта шуда буд, ки онҳоро Ҷонона Назарова, Муқтадири Бобоҷон ва Фарҳод Раҳматуллобеков аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷасурбек аз Ҷумҳурии Узбекистон соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид






