ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад

Март 7, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 15 марти соли 2026 дар шаҳри Бангкоки Тайиланд Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс байни варзишгарони то 19-сола баргузор мегардад. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) иштирок мекунанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 50 кг, Аъзам Одилзода дар вазни 55 кг, Амирбек Маҳрамов дар вазни 60 кг, Аҳмадшоҳ Ҳошимов дар вазни 65 кг, Муҳаммад Мамадалиев дар вазни 70 кг, Исфандиёр Ҳошимов дар вазни 75 кг, Хуҷамуминҷон Холов дар вазни 80 кг, Ҷаҳонгир Рӯзибоев дар вазни 85 кг, Фариноз Абдуллоева дар вазни 54 кг ва Мино Аъзамзода дар вазни 60 кг ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 500 муштзан аз 85 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Ин аввалин иштироки муштзанҳои ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои Федератсияи бокси ҷаҳонӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 7, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад