РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 март бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии ҷангал эълон гардидааст, ки ҳадафи он ҳифзи ҷангалзор аз нестшавӣ мебошад. Дар робита ба ин сана АМИТ «Ховар» оид ба яке аз маҳсулоти фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон — хуч маълумот пешниҳод менамояд.
Дар Тоҷикистон хуч ҳамчун гиёҳи шифобахши худрӯй маълум аст. Хуч ҳамчун буттаи бисёрсола афзоиш мекунад, ки баландиаш то 1-3 метр мерасад. Қисмҳои асосии истифодашавандаи табобатии хуч -баргҳо, гулҳо, мева ва решаи он мебошанд. Ин гиёҳ аз замонҳои қадим дар тибби халқӣ барои табобати ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла дар соҳаи урология васеъ истифода мешавад.
«Меваи хуч дорои ранги норинҷии сурх то сурхи ҷигарии ҷилодиҳанда мебошад. Дамобаи хуч хосияти талхаронӣ дошта, аз витаминҳои гуногун иборат аст. Он дар таркибаш кислотаи аскорбинӣ, витаминҳои В,К,Р, Е, каратиноидҳо ва дигар моддаҳои фаъоли биологӣ дорад. Истеъмоли он барои табобати бемориҳои ҷигар (газаки талхадон, газаки ҷигар), гурда, масона, дил, фишори баланд, зиёдшавии туршии шираи меъда ва сардард фоидабахш аст»,-тавсия медиҳанд табибон.
Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки тақрибан 10 грамм (1 қошуқи ошӣ) хучро дар зарфи шишагӣ, чинӣ ё зарфи сирдор гирифта, ба болои он 200 милиграмм (1 истакон) оби гарми ҷӯшида рехта, бо сарпӯш маҳкам карда, дар болои товаи буғӣ 15 дақиқа нигоҳ доштан зарур аст. Баъдан дар ҳарорати хона 45 дақиқа хунук карда, рӯзе 2 маротиба нимистаконӣ баъд аз хӯрок истеъмол намудан зарур аст.
Яке аз хусусиятҳои муҳими хуч коҳиш додани консентратсияи калтсий дар гурдаҳо ва пешоб аст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки нушобаи меваи хуч ҳаҷми сангҳоро коҳиш медиҳад ва ҳатто ҳуҷайраҳои гурдаро аз зарарёбӣ ҳифз менамояд. Ин ба ҳисоби таъсири антиоксидантӣ ва диуретикӣ, ки ҳаракати пешобро зиёд карда, ҷамъшавии минералҳоро пешгирӣ мекунад, вобаста аст. Дар тибби суннатӣ, хуч барои ҳал кардани сангҳои хурд ва пешгирии ташаккулёбии такрории санг истифода мешавад.
Хуч дорои хусусиятҳои зиддиилтиҳобӣ мебошад, ки дар ҳолатҳои нефрит (илтиҳоби гурдаҳо) ва дигар ихтилолҳои гурда кӯмак мерасонад. Он ҳамчунин ҳамчун диуретик амал мекунад, ки ҳаҷми пешобро зиёд карда, токсинҳоро аз бадан хориҷ мекунад ва ҳолати системаи урологиро беҳтар мегардонад.
Мева ва нушобҳои хуч метавонанд афзоиши бактерияҳои патогенӣ, ки аксари сироятҳои роҳҳои пешобро ба вуҷуд меоранд, коҳиш диҳад. Дар тибби халқӣ, чой аз меваи хуч барои табобати илтиҳоби гурдаҳо (пиелонефрит), илтиҳоби масона (систит) ва илтиҳоби роҳи пешоб (уретрит) тавсия мешавад.
Хучро асосан дар саноати дорусозӣ васеъ истифода мебаранд. Зеро хуч манбаи ликопин ва витаминҳои А, В, Е, К мебошад, ҳамчунин дар таркибаш оҳан, магний ва дигар моддаҳои минералии фоиданок дорад.
Таҳқиқоти олимон собит намуд, ки дар таркиби хуч витамини С нисбат ба лимӯ, мандарин ва афлесун 60 маротиба бештар вуҷуд дорад. Ин витамин иммунитети инсонро пурқувват гардонида, ба мубориза бар зидди вирусу микроб ва бемориҳои сироятӣ тобовар менамояд.
Хуч аҳамияти калони экологӣ низ дорад, он, аз ҷумла дар мубориза бар зидди шусташавии хок, мустаҳкам кардани қумзор ва заминҳое, ки барои истифодаи кишоварзӣ номувофиқ мебошанд, истифода бурда мешавад. Дар ҷаҳон зиёда аз 400 навъи хуч мерӯяд, дар Тоҷикистон 18 навъи он парвариш шуда, навъҳои худрӯй низ ҳастанд.
Тавре аз Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Хучро дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон парвариш намудан мумкин аст. Хусусияти биологии хуч он аст, ки ба гармӣ ва равшанӣ эҳтиёҷи баланд дорад. Нарасидани гармӣ ва рӯшноӣ дар тобистон ва бо намӣ таъмин нашудани он сабаби суст афзоиш ёфтани бутта, навдаҳои ҷавон ва кам гардидани ҳосили соли оянда мегардад.
Аҳамияти иқтисодии буттаи хуч дар он аст, ки баъд аз ду сол ба ҳосил медарояд. Аз як буттаи хуч то 5-10 килограмм меваи тар ҷамъоварӣ намудан имкон дорад, яъне аз як гектар боғи хуч то 4 — 8 тонна маҳсулоти тар ё 2 – 4 тонна меваи хушк ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.
Муҳлати аз ҳама беҳтарин барои шинонидани ниҳолҳо тирамоҳ-баъд аз рехтани баргҳо мебошад. Ниҳолҳоро дар аввали фасли баҳор низ то зиндашавии табиат мешинонанд. Дар фасли зимистон шинонидани ниҳолҳо дар ҳолати то 5 дараҷа гарм будани ҳаво шинонидан мумкин аст. Хучро аз дона ва пайванди он зиёд кардан мумкин аст. Пеш аз шинонидани решаҳо пору ва намии чуқурии он бояд таъмин карда шавад. Давоми сол на кам аз ду маротиба бояд бехи ниҳолҳо ва байни қаторҳо нарм карда шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд






