РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳии гастрономӣ навъи саёҳате аст, ки зимни он ҷаҳонгардон бо мақсади шиносоӣ бо таомҳои маҳаллӣ ва хусусияту анъанаҳои пухтупаз ба дигар давлату минтақаҳо сафар мекунанд.
Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон солҳои охир бештар рушд намудааст. Таҷлил ва баргузор намудани ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада, инчунин фестивалҳои байналмилалӣ барои рушди ин навъи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Баргузор намудани ҷашнҳои миллӣ ҳамчун бренди сайёҳӣ таблиғ мегардад. Ба воситаи он таомҳои миллии тоҷикӣ эҳё гардида, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз лаззати таомҳои миллӣ баҳра мебаранд.
Дар мамлакат чандин озмуну фестивалҳо баргузор мешаванд, ки тавассути ин чорабиниҳо сайёҳони хориҷӣ таъми хӯрокҳои миллиро мечашанд. Дар ин замина хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, сайёҳон бо иду фестивалҳо шинос мешаванд ва аз хизматрасонии ошхонаю тарабхонаҳо васеъ истифода мебаранд.
Дар ин фестивалу ҷашнҳои миллӣ кадбонуҳои тоҷик хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар наҳорӣ, нисфирӯзӣ ва шомгоҳон, аз ҷумла, оши палав, кабобҳои сабзавотӣ ва гӯштӣ, лӯлакабоб, ҷигарбирён, сихкабоб, мурғбирён, каллапоча, қурутоб, шакароб, таҳмол, оши бурида, оши туппа, маҳсулоти ширӣ, ба монанди ҷурғот, чакка, қурут, равғани зард, маска, панир, қаймоқ, дӯғ, ширрӯған, ширбиринҷ, ширбат, ширкаду ва хӯришҳои гуногунро ба намоиш мегузоранд.
Яке аз ҷаззобияти асосии саёҳати гастрономӣ дар Тоҷикистон- ин хӯрокҳои наврӯзӣ, аз ҷумла суманак ва ҳафтсину ҳафтшин мебошанд, ки дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз омода карда мешаванд. Наврӯз ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ шуда, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ барои тамошои Наврӯз ва баҳори Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ меоянд.
Мутахассисони соҳа сайёҳии гастрономиро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд: деҳотӣ ва шаҳрӣ. Дар саёҳати гастрономии деҳот ҷаҳонгардон асосан ба тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, ҷамъоварии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза – ангур, сабзавот ва меваҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ машғул мешаванд. Дар саёҳатҳои гастрономии шаҳрӣ сайёҳон бо фаъолияти корхонаю коргоҳҳои истеҳсоли хӯрокворӣ шинос мегарданд. Дар ҳамин замина сафари гастрономӣ ба сайёҳон имкон медиҳад, ки дар ҷойҳои гуногун бо номгӯйи васеи хӯрокҳои миллӣ шинос шаванд. Бисёр сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, мехоҳанд ба деҳот рафта, аз боду ҳавои тоза нафас кашанд, зебоиҳои табиати диёри моро бинанд ва дар бораи тарзи зисти мардуми маҳаллӣ ва хӯрокҳои минтақа маълумот гиранд.
Онҳо дар вақти нонпазии занони деҳот, тарзи тайёр кардани қурут, омода намудани оши бурида ва хусусан дар фасли баҳор зимни тайёр кардани суманак, ки чанд навъ мешавад, иштирок менамоянд. Маълум аст, ки ба онҳо тарзи омода намудани хӯрокҳои миллии халқи тоҷик хеле аҷиб менамояд ва аксари онҳо дар вақти хӯрокпазии занони тоҷик кумак мерасонанд.
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати пухтупази халқи тоҷик давоми садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст. Таомҳои миллии тоҷикӣ аслан аз сабзавоту хӯрокҳои гӯштӣ ва орд иборат мебошанд. Кабобҳои сабзавотӣ ва гӯштӣ, ҳасиб аз гӯшти мурғ, қурутоб, шакароб, қатлама ва таҳмол хеле маъмул мебошанд. Хӯрокҳои миллӣ бо гиёҳҳои шифобахшу хушбӯй омода карда мешаванд.
Дар байни хӯрокҳои миллии тоҷикӣ оши палав ҷои махсус дорад. Соли 2016 оши палави тоҷикӣ ба қатори мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Беш аз 200 тарзи пухтани оши палав мавҷуд аст. Тарзи тайёр кардан ва истифодаи ош одамонро аз табақаҳои мухталифи ҷомеа муттаҳид менамояд.
Оши палави тоҷикӣ солҳои охир дар фестивалҳои байналмилалӣ низ муаррифӣ гардида, хориҷиён аз таъми он лаззат мебаранд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат 367 субъекти хизматрасони сайёҳӣ, аз ҷумла 225 меҳмонхона, 61 ҳостел ва мотел, 56 осоишгоҳ, 6 маркази муолиҷавӣ, 4 лагери солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият менамоянд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки масъулини ин инфрасохтор кӯшиш менамоянд меҳмонхона, ҳостел ва мотелҳоро бо нақшу нигори миллӣ ва замонавӣ, инчунин бо пораҳои атласу адрас ва чакан оро диҳанд, ки яке аз роҳҳои ҷалби сайёҳон мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ«Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд






