Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд

Март 13, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» таҳти унвони «Тиҷорати байналмилалӣ, сармоягузориҳои устувор ва рушди сайёҳӣ дар иқтисоди муосир» Форуми иқтисодии Берлин 2026 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар форум оид ба аҳамияти рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имконияти табиию фарҳангии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ сухан гуфт.  Дар ҷараёни форум ба иштирокчиён иқтидору имконоти соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти муҳими рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда шуд.

Чорабиниро директори иҷроия ва муассиси Академияи дипломатияи фарҳангӣ Марк Донфрид раисӣ намуд. Намоишгоҳи «ITB Berlin», ки ҳамасола баргузор мешавад, яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҳамоишҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд меорад.

Ёдовар мешавем, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфуз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таъмин гардида, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамоҳангсози фаъолияти ҳайати Тоҷикистон буд.

Дар доираи намоишгоҳ имконоти сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик ба таври васеъ муаррифӣ карда шуданд.

 

АКС: Институти дипломатияи фарҳангӣ / Эстебан Бланшарт

Март 13, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад