«Шинохти мақому манзалати зан-модари тоҷик ин шинохти миллат аст», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди маҳал

Март 6, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳал хабар доданд.

Иброз гардид, ки Рӯзи Модар дар феҳристи рӯзҳои иди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамият ва мақоми хосса дорад. Шинохти мақому манзалати зан-модари тоҷик ин шинохти миллат аст. Ҳамин аст, ки Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро «ойинаи чеҳранамои миллат» унвон намудаанд.

«Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.

Изҳор карда шуд, ки занон-модарон дар рушди ҷомеа, таҳкими арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли ватандӯст нақши бениҳоят муҳим доранд.

АКС: Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»