Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд

Март 29, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 29.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон гардидааст. Ин сана бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар анҷоми тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод гардида буд. Ҳадафи эълони ин сана эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти арҷ гузоштан ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони ҷумҳурӣ ба гулпарварӣ, ниҳолшинонӣ ва ҳифзи мероси табиӣ мебошад.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 63 гектар қитъаи замин ва заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷудо ва ба мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҳалҳо вобаста карда шудаанд.

Дар ин қитъаҳои замин 216 ҳазору 125 бех қаламча-кӯчати навниҳолони дарахту буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст. Инчунин ба миқдори 1 ҳазору 818 килограмм тухмии ниҳоли дарахтон кишт карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки 107 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Новобаста ба гармии тоқатфарсои тобистони соли 2025 аз маҷмуи умумии ниҳоли дарахтони шинонида қариб 70 фоизаш нашъунамо ва сабзиши хуб дорад.

Дар асоси «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар мамлакат беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида шуда, Тоҷикистон ба «Кишвари сабз» табдил дода мешавад. Тибқи ин барнома, дар марҳилаи якум (солҳои 2025-2027) дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.

Тадбирҳои ин барнома ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ ва мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим равона карда шудаанд.

Ҳадафи маъракаи ниҳолшинонӣ  дар мамлакат зиёд намудани майдони боғу ток, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содиротии мамлакат, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ, таъсис додани ҷойи нави кор, татбиқи иқтисоди «сабз», сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлим, таназзули заминҳои кишоварзӣ ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера мебошад.

Ниҳол чӣ гуна шинонида мешавад?

Ниҳол бояд 1,40-1,50 метр баландӣ дошта бошад. Инчунин ба решаи он низ таваҷҷуҳи бештар бояд дод. Дар ҳолати шинонидани ниҳол як ҳиссаро пору ва се ҳиссаи онро хок ташкил дода, то давраи сабзиш намии хок бояд нигоҳ дошта шавад.

Баландии ниҳолҳое, ки аз тухм парвариш карда мешаванд, бояд аз 110 то 150 сантиметрро ташкил диҳад. Қутр, яъне ғафсии он аз 15 то 25 милиметр бошад. Ҳамчунин решаи ниҳолҳо нағз инкишоф ёфта, аз 3-4 шохаи асосӣ бояд иборат бошад.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал ниҳолро карахт нигоҳ дошта, аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад. Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад.

Боғпарваронро зарур аст қабл аз бунёди боғ вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кунанд. Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва баландиҳои гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар ба назар гирифта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул барои бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд.

Каламча ва тухми гулро кай бояд шинонд?

Парвариши гулҳо яке аз роҳҳои муҳими зебо гардондани муҳити зист ва ободонии хонаву боғ ба ҳисоб меравад. Мутахассисони соҳаи боғдорӣ таъкид мекунанд, ки барои нашъунамои хуби гулҳо, пеш аз ҳама, бояд вақти дурусти шинонидани тухмӣ ё каламча интихоб карда шавад.

Ба андешаи мутахассисон, вақти шинонидани гул аз навъи растанӣ вобаста аст. Бисёр гулҳои мавсимӣ тавассути тухмӣ парвариш ёфта, тухми онҳо одатан дар охири зимистон ё аввали баҳор кошта мешавад. Дар ин ҳолат тухмӣ аввал сабзида, растанӣ тадриҷан рушд мекунад ва баъд аз чанд вақт, одатан дар фасли тобистон ё тирамоҳ гул мекунад.

Ҳамзамон баъзе намудҳои гулҳо дар фасли тирамоҳ кошта мешаванд. Ин гуна тухмиҳо зимистонро дар хок мегузаронанд ва бо фаро расидани баҳор сабзида, дар ҳамин фасл ё аввали тобистон ба гулкунӣ оғоз менамоянд.

Шинонидани каламчаи гул низ яке аз усулҳои маъмултарини зиёд кардани растаниҳо мебошад. Мутахассисон мегӯянд, ки каламчаҳо бештар дар аввали баҳор, вақте ки растанӣ ба давраи фаъоли нашъунамо медарояд, шинонда мешаванд. Дар ин давра каламчаҳо осонтар реша гирифта, босуръат инкишоф меёбанд. Барои баъзе растаниҳо охири тобистон ва аввали тирамоҳ низ давраи муносиб барои шинонидани каламча ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи коршиносон, барои парвариши муваффақонаи гулҳо сифати хок низ аҳамияти калон дорад. Хок бояд нарм, ҳосилхез ва намнок бошад. Пас аз шинонидани тухмӣ ё каламча обдиҳии муътадил зарур буда, дар рӯзҳои аввал нигоҳ доштани растаниҳои навшинонда дар ҷойҳои каме сояафкан ба решагирии онҳо мусоидат мекунад.

Ҳар навъи гул хусусияти агротехникии худро дорад. Аз ин рӯ, пеш аз шинонидан шиносоӣ бо талаботи парвариши ҳар як навъи гул имкон медиҳад, ки растаниҳо солим нашъунамо ёфта, бо гулҳои зебо муҳити атрофро оро диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар ду давра: моҳҳои январ-феврал ва ноябр-декабр маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор мегардад. Дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда, қаламча ва тухми гулҳо ташкил карда мешавад. Ин иқдом тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2026 тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 29, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст