ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, якшанбе, 60-умин рӯзи соли 2026 аст
1 марти соли 1967 Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода шуд.
***
1 марти соли 2010 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи ХI Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.
***
1 марти соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор ба бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» оғоз бахшиданд.
***
1 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 15-и ҳавзаи интихоботии рақами 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамуда овоз доданд.
***
1 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се иншоот: Воситаҳои ахбори омма — Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори умум»-ро ифтитоҳ намуданд.
***
1 марти соли 2016 роҳҳои мошингарди Помир ба рӯйхати 10 роҳи зеботарини ҷаҳон ворид гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ суханронӣ намуданд.
***
1 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
***
1 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
***
1 марти соли 2022 дар Гаага ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар мавзуи об баррасӣ гардид.
1 МАРТ:
Фестивали баҳор.
***
Рӯзи байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ.
***
Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона.
***
Рӯзи ҷаҳонии гиёҳҳои баҳрӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии лутф.
***
Рӯзи ҷаҳонии иммунитет.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи миннатдорӣ.
***
Дар Куба — Фестивали ҷамъоварии грейпфрут.
РӮЙДОДҲО:
1 марти соли 1873 мошинаи чопкунӣ ихтироъ гардид.
***
Соли 1920 Агентии давлатии иттилоотии Озарбойҷон «АЗЕРТАҶ» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1943 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои фурӯши маҳсулоти консервашуда маҳдудият ҷорӣ намуд.
***
Соли 1947 Фонди байналмилалии асъор ба фаъолият шуруъ намуд.
***
1 марти соли 1994 Парлумони Гурҷистон санад оид ба ворид шудани Гурҷистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба тасвиб расонид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Қурбоналӣ Раҷаб— соли 1925 — Нависандаи халқии Тоҷикистон.
***
Аслиддин Низомов— соли 1950 — доктори илмҳои санъатшиносӣ.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, шанбе, 59-умин рӯзи соли 2026 аст






