ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 март, душанбе, 75-умин рӯзи соли 2026 аст
16 марти соли 1938 ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шуробод) таъсис ёфтаанд.
***
16 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истанбули Туркия дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон»- ро дар таҳрири нав қабул кард.
***
Соли 2010 дар Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳаёт» нашр шуд.
***
16 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯзи оламафрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои барҳавои хизматӣ шуданд.
***
16 марти соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Созишнома дар бораи маблағгузории иловагии лоиҳаи бақайдгирӣ ва сохтори кадрии замин барои рушди устувори хоҷагии қишлоқ, инчунин лоиҳа оид ба паст намудани талафоти энергетикиро ба имзо расониданд.
***
16 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд.
***
16 марти соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ ва меъморӣ баргузор гардид.
***
16 марти соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абузабӣ Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳёнро тамошо намуданд.
***
16 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор шуд.
***
16 марти соли 2022 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шуро баргузор гардид.
16 МАРТ:
Рӯзи қалами ранга
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи гвардияи ҷумҳуриявӣ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1976 дар конфронси байналмилалии Ямайка созишнома дар бораи низоми нави асъори байналмилалӣ ба имзо расид.
***
16 марти соли 2014 раъйпурсии умумиқримӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа Қрим ба ҳайати Русия дохил карда шуд.
***
16 марти соли 2025 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия оғоз гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Муҳаммад Ғоиб — соли 1954 — Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
***
Давлат Қурбонов — соли 1943 – дирижёр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 март, якшанбе, 74-умин рӯзи соли 2026 аст






