ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 март, сешанбе, 76-умин рӯзи соли 2026 аст
17 марти соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми сеюми умумиҷаҳонии об ба шаҳри Киотои Ҷопон сафар намуданд.
***
17 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.
***
17 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 5 – ум суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Абузабӣ бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба имзо расид.
***
17 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати дубора интихоб гардидан ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
17 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум иштирок намуданд.
***
17 марти соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуданд.
***
17 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи томактабии хусусии «Закия»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
17 марти соли 2023 иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.
***
17 марти соли 2025 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид. Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин рӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт.
17 МАРТ:
Рӯзи ҷаҳонии кори иҷтимоӣ.
***
Дар Тайиланд- Рӯзи бокси миллии Муай Тай.
РӮЙДОДҲО:
17 марти соли 1521 ҷазираҳои Филиппин кашф карда шуданд.
***
17 марти 1861 Шоҳигарии Италия таъсис ёфт
***
17 марти соли 1941 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 100 ҳазор зан ба хизмати ҳарбӣ даъват гардид.
***
Соли 1950 дар бораи кашфи аломати 98-уми ҷадвали химиявии Менделеев- калифорний хабар дода шуд.
***
17 марти соли 1992 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Африқои Ҷанубӣ ба ҷонибдории Конститутсияи нав овоз доданд, ки он ба шаҳрвандони сиёҳ ва сафед ҳуқуқи баробар медод.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Раҳим Ҳайдар — соли 1923 – нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
***
Обидҷон Бобоҷонов — соли 1942 – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 март, душанбе, 75-умин рӯзи соли 2026 аст






