ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 март, якшанбе, 81-умин рӯзи соли 2026 аст
Соли 1934 аввалин шумораи рӯзномаи «Коргарони Хуҷанд» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») нашр шуд.
***
22 марти соли 2014 дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани санад оид ба тасвиб гардидани Созишномаи Париж роҷеъ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид.
***
22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд, ки дар он Сарвари давлат суханронӣ намуданд.
***
22 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.
***
22 марти соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бофандаи Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳия Кӯшониён Маҷмааи «СИМО» иборат аз маркази саломатӣ, маркази савдо, толори варзишӣ, толори баргузории ҷашну маросим ва дорухона ба истифода дода шуд.
***
22 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар» дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 иштирок ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро тамошо намуданд.
22 МАРТ:
Рўзи байналмилалии захираҳои об.
***
Рӯзи байналмилалии таксист.
***
Дар Лаос – Рӯзи Ҳизби халқӣ.
РӮЙДОДҲО:
22 марти соли 1876 Конститутсияи Испания қабул гардид.
***
22 марти соли 1882 Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бисёрникоҳиро манъ кард.
***
22 марти соли 1989 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати ҳамлу нақли партовҳои хатарноки истеҳсолот дар қаламрави давлатҳои гуногун ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1994 дар Брюссел Протокол оид ба асоси ҳамкории Русия ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар доираи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» ба имзо расид.
***
22 марти соли 1951 аввалин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Студияи марказии телевизионӣ таъсис дода шуд.
***
22 марти соли 2016 дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин дар вазъияти тантанавӣ маросими баимзорасии Созишнома дар бораи ба Непал додани мақоми шарик оид ба муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдумалик Баҳорӣ — соли 1927 — нависанда, шоир ва драматурги тоҷик
***
Мунира Шаҳидӣ — соли 1943 — олими шарқшинос, санъатшинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 март, шанбе, 80-умин рӯзи соли 2026 аст






