ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 март, шанбе, 66-умин рӯзи соли 2026 аст
7 марти соли 2009 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Озарбойҷон «TREND» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
***
7 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба Раиси Бундесрати Ҷумҳурии Федеролии Олмон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Федеролии Олмон Ҳорст Зееҳофер барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.
***
7 марти соли 2017 дар «Кохи Борбад» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накуи наврӯзӣ бо занону духтарони фаъоли мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.
***
7 марти соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.
7 МАРТ:
Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
***
Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
***
Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1926 байни Лондон ва Ню Йорк алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.
***
7 марти соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.
***
Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Зулфия Баҳриддинова— соли 1922 – Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
***
Ҷӯра Латифов— соли 1938 –доктори илмҳои таърих, профессор.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 март, ҷумъа, 65-умин рӯзи соли 2026 аст






