ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 март, якшанбе, 67-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 8, 2026 08:00

8 марти соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.

***

8 марти соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок намуданд.

8 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии занон.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар.

***

Дар Малайзия – Рӯзи султон.

РӮЙДОДҲО:

8 марти соли 1759 Парлумони Париж «Энсиклопедия»-и Дени Дидроро маҳкум намуд.

***

8 марти соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.

***

8 марти соли 1950 Иттиҳоди Шуравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомияш хабар дод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Қоҳир  Расулзода—  соли 1961 — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

***

Хосият Вализода — соли 1950 — шоири тоҷик.

***

Раҳмондӯсти Қурбониён — соли 1944 — Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Март 8, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш