Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 март ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқа ва баррасии лоиҳаи санади дахлдор дар бораи таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод гардид, баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷаласа дар шакли видеоконфронс баргузор шуда, дар кори он намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Иштирокчиён лоиҳаи созишномаро, ки ба ташаккули механизми устувори ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти ваколатдор равона гардидааст, баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои шаклгирии институтсионалии Шуро, муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳои фаъолияти он, инчунин шаклу самтҳои ҳамкорӣ зоҳир карда шуд.
Дар ҷаласа иштирокчиён ҷонибдории худро доир ба самти таъсиси ин Шуро ва ба анҷом расонидани раванди мувофиқаи лоиҳаи созишнома иброз дошта, аҳамияти онро барои таҳкими муносибатҳои ҳамкории бисёрҷониба, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор, инчунин рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид карданд.
Бинобар ҷой доштани якчанд пешниҳод ва пурра фаро гирифтани мавқеи давлатҳои аъзо таклиф шуд, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносон дар иртибот ба баррасии лоиҳаи санади дахлдор дар бораи Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 30 апрели соли равон гузаронида шавад.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






