«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад

Март 1, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 март то 31 май таҳти унвони «Зан — мазҳари покизагӣ» иқдоми ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки дар доираи он тибқи нақша занону духтарон ба корҳои тозакунии кӯчаю маҳаллаҳо, ободонӣ ва нигоҳдории муҳити зист ҷалб карда мешаванд.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом соли равон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) ба роҳ монда шуд.

Ҳадафи ин иқдом таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, баланд бардоштани фарҳанги ободонӣ, саҳмгузории фаъолонаи занону духтарон дар тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо ва муҳити зист мебошад.

Дар доираи ин ташаббус дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо иштироки занон шанбегиҳои оммавӣ ташкил гардида, корҳои тозакунии роҳу гулгаштҳо, сафедкунии дарахтон, шинонидани гулу буттаҳо, ба тартиб даровардани атрофи муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ амалӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки занону духтарон ҳамчун тарғибгарони асосии фарҳанги покизагӣ ва ободонӣ метавонанд дар таҳкими арзишҳои миллӣ, зебо нигоҳ доштани маҳалли зист ва ташаккули муҳити солиму созанда саҳми арзанда гузоранд. Маҳз бо ҳамин мақсад иқдоми «Зан — мазҳари покизагӣ» аз соли 2018 инҷониб баргузор гардида, ба яке аз анъанаҳои муҳими иҷтимоӣ табдил ёфтааст.

Иштироки фаъолонаи занон дар иқдоми ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббусҳои экологӣ ва маъракаҳои ободонӣ ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд. Онҳо метавонанд ҳамчун намунаи ибрат сокинонро ба корҳои созандагӣ ҷалб созанд.

Дар маҷмуъ, саҳми занон дар тозагии кӯчаю маҳал на танҳо амали одии тозакунӣ, балки рисолати иҷтимоӣ ва ахлоқии зан– модари тоҷик мебошад.

Баргузории чунин ташаббусҳо дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти хосса дошта, барои боз ҳам зебову обод гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи мусоид фароҳам меорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад