«ЗАНОНУ МОДАРОН — ПОЯГУЗОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ». Дар Бохтар ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд

Март 7, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти уновни «Занону модарон-поягузори ҷомеаи солим»   ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода  иброз намуд,  ки имрӯз бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои духтарон, дастгирии соҳибкории занон ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ амалӣ гардида, рушди устувори давлат бе иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон аст.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба маротиб афзоиш ёфт. Имрӯз онҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва идоракунии давлатӣ фаъолона кор мекунанд. Ҳузури занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва сохторҳои давлатӣ далели равшани болоравии мақоми зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамоиш занону модарони собиқадори ҳизб доир ба бузургии зан-модар ва ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти барқарорсозии сулҳу субот ва расидан ба Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ намуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Март 7, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»