35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор бо маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ кӯдакистон бунёд мегардад

Апрель 14, 2026 10:20

ҲИСОР, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар кӯчаи Султон Раҷабови шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор бо маблағи зиёда аз 15 миллион  сомонӣ кӯдакистон бунёд мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни шиносоӣ бо  ҷараёни сохтмони кӯдакистон, ки дар доираи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бунёд мегардад, бо коргарон барои вусъат додани корҳо ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмон суҳбат кард.

Ҳамчунин  раиси шаҳр бо ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар муассисаи томактабии №7 бо номи  «Садбарг» шинос шуда, коргаронро даъват намуд, ки таъмири кӯдакистонро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Ин кӯдакистонҳо дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 14, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид