Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсили 2026–2027 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар медиҳад.
Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар заминаи ҳамкории судманд ва бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобил бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея амалӣ карда мешавад.
Барои довталабони дорои сертификати сатҳи байналмилалӣ аз забони англисӣ ва кореягӣ имтиёзу дастгириҳои алоҳида пешбинӣ шудааст.
Хоҳишмандоне, ки забони кореягӣ ва англисиро намедонанд, метавонанд вобаста ба самт ва равияи касби оянда дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея дар даврҳои забономӯзӣ иштирок кунанд. Ҳамзамон дар асоси пешниҳоди дастгирӣ ва барномаҳои ҳавасмандгардонии донишгоҳҳо як сол забон омӯзанд.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро роҷеъ ба шароити таҳсил, номгӯйи ихтисосҳо, бартарият ва раванди қабул ба донишгоҳҳо аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дастрас намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






