Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия мебошад

Апрель 22, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 22.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар рушди соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ нақши асосиро ниҳоди ваколатдори соҳавӣ- Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебозад, ки ҳамчун маркази ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия амал менамояд. Маҳз тавассути иқдоми системавии ин ниҳод дар муддати кӯтоҳ пояҳои институтсионалӣ, инфрасохторӣ ва ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ ташаккул ёфта, равандҳои идоракунӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардиданд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар иртибот ба Рӯзи кормандони соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.

Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва бахши иҷтимоӣ, инчунин рушди экосистемаи стартапӣ ва дастгирии соҳибкории инноватсионӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими соҳа ба шумор мераванд.

Таъкид гардид, ки ин санаи муҳим рамзи эътирофи саҳми арзандаи мутахассисони соҳа дар пешбурди сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори инноватсионии мамлакат мебошад.

Кормандони соҳа бо истифода аз донишҳои муосир, малакаҳои рақамӣ ва иқтидори зеҳнӣ дар татбиқи лоиҳаҳои калидӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ нақши муассир мегузоранд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи кормандони инноватсия ва технологияҳои рақамӣ як зумра кормандони Агентӣ барои дастовардҳои назарраси хизматӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст