Ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Подшоҳии Белгия сафар намуданд

Апрель 27, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел соли 2026 ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо даъвати Ҳукумати Фландрияи Подшоҳии Белгия ба ин кишвар сафар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия хабар доданд.

Дар доираи ин сафар анҷоми мулоқотҳо бо роҳбарияти Ҳукумати Фландрия ва шаҳри Антверпени Подшоҳии Белгия, инчунин баргузории ҳамоишҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо иштироки бахшҳои давлатию хусусии ин минтақаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон зимни ин сафар  ҳайати шаҳри Душанбе  ба   шаҳрҳои Люксембурги Ҳерсогии Бузурги Люксембург ва Маастрихти Подшоҳии Нидерланд  рафта,  мулоқотҳои дуҷониба ва боздид аз як қатор иншооти марбут ба рушди устувори шаҳрдорӣ  анҷом медиҳад.

Сафари ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Подшоҳии Белгия то 2 май идома меёбад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия

Апрель 27, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд