«ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…». Дар Тоҷикобод даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир гардид

Апрель 29, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 29.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври  ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид, 245 довталаб иштирок намуда, 18 нафараш ба даври минтақавии озмун гузашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ медиҳад.

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ»  дар ноҳияи Тоҷикобод  бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  гузаронида шуд.

Ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат давоми  таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст,  мебошад.

Ҳамзамон баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни ҳама қишрҳои ҷомеа  аз ҳадафҳои дигари Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» арзёбӣ мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Апрель 29, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд