Бахшида ба Рӯзи илм дар Бадахшон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Апрель 10, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ: илм, ҷомеа ва моделҳои рушди устувор» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, чорабинӣ аз чониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров, Институти биологии Помири ба номи академик Худоёр Юсуфбекови академия дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил карда шуд.

Директори Институти илмҳои гуманитарӣ Ҳоким Қаландариён иброз намуд, ки Рӯзи илм бо як рӯз ҷамъбаст намешавад, балки он барои ниҳодҳои илмӣ оғози ҷашне аст, ки 365 рӯзи гузаштаро баррасӣ менамояд ва барои 365 рӯзи оянда барномарезӣ мекунад.  Ҳамоҳангсозии таҳқиқоти назариявӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои ташаккули тафаккури миллӣ муҳим мебошад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо истинод ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши дастгирии ташаббусҳои илмӣ, рушди неруи зеҳнӣ ва татбиқи барномаҳои давлатиро дар минтақаҳои кӯҳӣ махсус иброз намуд.

Олимони ҷумҳурӣ дар мавзуъҳои «Нақд ва адабиётшиносӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ», «Таҳқиқи таърихи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ», «Асосҳои генографии таърих ва тамаддуни халқи тоҷик» ва ғайра маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд. Маърузаҳо бо фарогирии ҷанбаҳои мухталифи илм- аз иқтисоду биология то таъриху адабиётшиносӣ нишон доданд, ки иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ захираи бузурги стратегӣ барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар чорабинӣ нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бахусус «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тарбияи маънавии насли наврас баланд арзёбӣ гардид. Таъкид гардид, ки китобхонӣ на танҳо раванди касби дониш, балки воситаи асосии ташаккули тафаккури интиқодӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад.

Иброз гардид, ки ҳамоиш дар рушди таҳқиқоти илмӣ ва ҳифзи мероси маънавию фарҳангии миллӣ нақши муассир мегузорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 10, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад