Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд

Апрель 22, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа (7 май) ва  Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) дар шаҳри Душанбе байни дастаҳои сохторҳои соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба таҳкими руҳияи ҳамкорӣ, боло бурдани фаъолнокии ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни кормандони соҳа мусоидат мекунад.

Кормандони сохторҳои гуногуни соҳаи алоқа дар доираи ин мусобиқаҳо имконият доранд аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш маҳорат нишон диҳанд. Аз ҷумла, мусобиқаи футболи хурд байни мардон, волейбол байни занон, тенниси рӯи миз, инчунин бозиҳои зеҳнӣ — шашка ва шоҳмот гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои варзишӣ 21 апрел оғоз шуда, то 6 май идома меёбанд. Дар ин муддат дастаҳо барои нишон додани сатҳи омодагӣ ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шудан рақобат менамоянд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад