Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 1, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ медиҳад.

Дар шаҳри Бохтар нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пеш аз муҳлат ба иҷро расид.

Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод иброз намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҷавони бонангу номус на танҳо боиси ифтихор, шараф ва ҷавонмардӣ, балки нишонаи масъулият ва сатҳи баланди тарбияи ватандӯстӣ мебошад.

Дар ин рӯз падару модарон бо шодию хурсандӣ писаронашонро ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд.

Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил ва ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу бум аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам рушд додан ва фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни  ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Апрель 1, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст