Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар доир ба масъалаҳои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами филология, тарҷума ва методикаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-методӣ доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, ҳамоиш дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» гузаронида шуда, ҳадафи асосии он баррасии масъалаҳои мубрами рушди филология, такмили сифати тарҷума ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ мебошад.
Зимни конференсия иштирокчиён оид ба вазъи имрӯзаи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, мушкилоту роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим табодули афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, густариши робитаҳои илмӣ байни донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаи пешқадам заминаи мусоид фароҳам меорад.
«Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои иқтисодию фарҳангӣ донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ, ба яке аз талаботи калидии бозори меҳнат табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи таълими ин забонҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳим мебошад», — таъкид гардид дар конференсия.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






