Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 18, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таъсири ҳифз ва нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба наслҳои оянда» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, ки «ёдгориҳои таърихии мамлакати мо  ҳазорон сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта, аз қарнҳои 4-3 пеш аз мелод то ба асри мо расидаанд. Ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд».

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».

Иброз гардид, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори бақайдгирии феҳристнигорӣ ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истеҳсоли маводи тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихии давлатиро назорат менамояд.

Дар конфронс иброз гардид, ки бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва дар ҳошияи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030»» раванди рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи соҳавӣ мутобиқ намудани онҳо дар мамлакат  аз моҳи феврали соли 2025 оғоз гардид.

Рақамикунонии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҷузъи фаъолияти соҳавӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин раванд Агентӣ оид  ба иҷрои талаботи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» барои таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав гурӯҳи корӣ таъсис дода, азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро дар шаҳри Душанбе пурра ба анҷом расонид. Корҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид