Дар Душанбе оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши созмонҳои байналмилалии ветеранӣ ва созмонҳои ташкилоти илмӣ-техникӣ барои мақомоти танзимкунанда дар таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар конференсия мутахассисон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Арманистон, Беларус, Муғулистон, Туркия, Австрия, Федератсияи Русия ва ташкилоти байналмилалӣ, ба монанди Агентии байналмилалии неруи атомӣ, Ассотсиатсияи ҷаҳони операторҳои неругоҳҳои атомӣ, созмонҳои базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба коркарди партовҳои радиоактивӣ ва коршиносони мақомоти танзимкунандаи дигар кишварҳо дар соҳаи бехатарӣ ва амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки иқтидори илмӣ ва техникии академия ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ имкон медиҳад, ки на танҳо вазифаҳои сатҳи миллӣ ҳал гарданд, балки Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи минтақавӣ низ саҳми назаррас гузорад.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва шарикони рушд озмоишгоҳи хизматрасониҳои техникӣ ва маркази минтақавии амният, ҳифз ва кафолатҳо таъсис ёфт, ки барои баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва таҳкими инфрасохтори соҳавӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, нақши сохторҳои танзимкунанда, истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва татбиқи дастовардҳои навини илмӣ-таҳқиқотӣ мубодилаи афкор намуданд. Инчунин зарурати тақвияти ҳамкории илмӣ-техникӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрҳои баландихтисос ва густариши робитаҳои институтсионалӣ барои пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва таъмини амнияти устувор муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






