Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд

Апрель 2, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 июн то 23 августи соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта,  рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, рӯзҳои фарҳангӣ давоми сол тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд. Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.

Дар назар аст, ки рӯзҳои фарҳангӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар боғҳои фарҳангии пойтахт баргузор гарданд.

Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки «соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Давоми 5 соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошанд. Боварӣ дорам, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид