Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишкада иттилоъ медиҳад.
Дар озмун беш аз 45 донишҷӯ аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок намуданд.
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» шуруъ аз 2 апрел дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардидааст. Имсол барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
Озмун соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Ҳадафҳои асосии озмун дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат ва мусиқӣ, эҷоди асарҳои баландғояи мусиқию санъати тасвирӣ дар васфи Ватан ва дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани маҳорати касбии иҷрокунандагони ҷавон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Дар фарҷом ба ғолибону иштирокдорони озмун дипломҳои дараҷавӣ, Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






