Дар шаҳри Бохтар маркази «eKhonish» ифтитоҳ гардид

Апрель 15, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои рушди соҳаи маориф ва амалӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ маркази «eKhonish» ифтитоҳ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, марказ бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои хонандагону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди таълими рақамӣ, беҳтар намудани сифати таҳсил ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд.

Ифтитоҳи маркази «eKhonish» қадами навбатӣ дар роҳи таҳкими соҳаи маориф ва дастгирии иқдоми созанда дар вилояти Хатлон мебошад.

Рақамикунонии соҳаи маориф тақозо менамояд, ки хонандагон аз зинаҳои аввалини таҳсил бо технологияҳои рақамӣ шинос гарданд. Ин барнома ба таври автоматӣ ҳисобот оид ба сатҳи таҳсил ва давомоти хонандагонро таҳия мекунад. Омӯзгор метавонад диққати асосиро ба мушкилоти воқеии таълим равона намояд. Инчунин воситаҳои идоракунии синф, робитаи мустақим бо волидайн ва таҳлили пешрафти хонандагон кори омӯзгорро босамар ва осон мегардонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Апрель 15, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид