Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд

Апрель 1, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остона бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд, дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, намояндагони мақомоти давлатии Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон, ҳайати намояндагони мақомоти давлатии кишвари иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвари иқомат, доираҳои соҳибкорӣ ва хабарнигорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Роҳбари намояндагии дипломатӣ изҳор дошт, ки Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур сохта, аз рӯзи нек мужда мерасонад.

Дар доираи баргузории чорабинӣ намоишгоҳи идона  ороста шуд, ки дар он китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имконияти сайёҳӣ, намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, намунаҳои ресандагиву бофандагӣ, мусаввараҳои миллӣ, маҳсулот аз сангу чӯб, кордҳои миллӣ, асбоби мусиқӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.

Дар яке аз гӯшаҳои толор  дастархони идонаи миллӣ бо рамзҳои наврӯзӣ — ҳафт сину ҳафт шин, нону кулчаҳои тоҷикӣ, мавизу донагӣ,   намунаҳои маҳсулоти брендҳои ватанӣ, аз қабили ширкатҳои қаннодии «Ширин» ва «Амирӣ»,  нӯшокиҳои ташнагишикани «Сиёма», «Оби Зулол»  ороста ва  пешкаши  меҳмонон   гардид.

Ҳамчунин роҳбари мусиқии Ансамбли халқии “Наврӯз” Ҳусейн Шарифов бо созҳои миллӣ мусиқии тоҷикӣ, қазоқӣ ва дигар халқҳоро навохта, ҳунармандони Академияи хореографии гурӯҳи “НОМАД”-и кишвари иқомат бо рақсҳои   анъанавии тоҷикӣ табъи меҳмононро болида намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Апрель 1, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд