Давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ то 30 апрел идома меёбад

Апрель 29, 2026 14:59

ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо то 30 апрел идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маркази миллии тестӣ ба шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД — 2026 тавсия медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро пешакӣ омода карда, дар нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ҳозир шаванд.

Тибқи нақшаи фаъолияти марказ, давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 аз 10 то 30 июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД — 2026, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ худро сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд дар давраи дуюм худро номнавис кунанд.

Ҳамзамон шахсоне, ки аз ихтисосҳои интихобкардаашон норозиянд ва хоҳиши иваз кардани ихтисосҳои қаблиашонро доранд, метавонанд то 30 апрели соли 2026 дар нуқтаҳои бақайдгирии пештар аз қайд гузаштаашон ҳозир шуда, ихтисоси худро иваз кунанд.

Шахсоне, ки худро дар давраи фаъолияти нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Варзоб ва шаҳри Роғун ба қайд гирифта буданд, барои азнавбақайдгирӣ бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба бинои асосии Марказ ҳозир шаванд. Шахсоне, ки дар дигар нуқтаҳои сайёрӣ бақайдгирӣ аз қайд гузаштанд ва хоҳиши ивази ихтисосҳояшонро доранд, бояд ба бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2026 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид