Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид

Апрель 21, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф ҷаласа баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷаласа бо ҳадафи таҳлили раванди иҷрои барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, аз ҷумла «Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021–2025», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2035», «Барномаи рақамикунонии муассисаҳои таълимӣ», ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, доир шуд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода зимни баррасии масъалаҳо иброз намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тақвияти имконияти муассисаҳои таълимӣ якчанд тадбир, аз ҷумла бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, таъмини онҳо бо мизу курсӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос (махсусан дар фанҳои дақиқ ва технологияи иттилоотӣ), ташкили даврҳои такмили ихтисосу семинарҳои омӯзишӣ, баргузории озмуну олимпиадаҳо, таъмини муассисаҳо бо компютер ва интернет, инчунин тавсеаи соҳаи таҳсилоти томактабӣ амалӣ карда мешаванд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар робита ба омодагии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» тадбирҳои ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт натиҷаҳо бояд боз ҳам хубтар гарданд.

Дар асоси шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳо сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ оғоз ёфта, ин раванд дар ҳамкорӣ бо шахсони саховатманд ва соҳибкорон суръат бахшида шавад. Шумораи марказҳои инкишофи кӯдак зиёд гардида, фарогирии бештари кӯдакон дар онҳо таъмин карда шавад. Ҳамзамон бо бунёди муассисаҳои томактабӣ масъалаи таъмини онҳо бо мутахассисон ва ҷалби кадрҳои ҷавон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Дар самти таъмини муассисаҳо бо кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти озмоишӣ, компютер ва пайвастшавӣ ба интернет тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Дар анҷоми ҷаласа муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки натиҷаҳои татбиқи барномаҳо ва озмунҳо ҷамъбаст гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид