DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи силсилаи «Grand Slam» оид ба ҷудо баргузор мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар медиҳад, дар рақобатҳо зиёда аз 240 варзишгар аз 34 давлат иштирок менамоянд.
Тибқи иттилои федератсия, 30 апрел маросими қуръакашӣ доир гардида, рӯзҳои 1, 2 ва 3 май сабқатҳои асосӣ аз рӯи вазнҳои гуногун баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо яке аз ҳайатҳои сершумор ба ҳисоб рафта, аз 40 варзишгар иборат аст. Дар вазнҳои мардона Эмомалӣ Нуралӣ (то 66 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (то 73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг) варзишгарони асосӣ маҳсуб мешаванд.
Ба ҳайати даста ҳамчунин Меҳрзод Суфиев, Рамзиддин Азизов, Лоиқ Қутбиддинов, Икром Шамсов, Абдуллоҳ Ориф, Ҷаҳонгир Маҷидов ва дигарон дохиланд.
Дар ҳайати занона Мадина Қурбонзода, Аҳлия Муъминова, Александра Кан ва Виктория Киселёва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар мусобиқа дастаҳои пешсафи ҷаҳон бо ҳайатҳои пурқувват иштирок менамоянд. Аз Фаронса варзишгарони соҳибунвон, аз ҷумла Валид Хиар, Жоан-Бенжамен Габа ва Амандин Бушар иштирок мекунанд.
Узбекистон 28 варзишгарро пешниҳод намудааст, ки қариб тамоми вазнҳоро фаро гирифтаанд, аз ҷумла Баҳром Ботуров, Муҳаммадҷон Машарипов ва Ӯткирбек Туробоев.
Русия бо 23 ҷудочӣ иштирок мекунад, ки дар байни онҳо Яго Абуладзе, Данил Лаврентев ва Карен Галстян қарор доранд.
Муғулистон низ ба таври анъанавӣ ҳайати пурқувват пешниҳод намудаааст, ки Ариунболд Энхтайван ва Туменжаргал Тувшинтур аз варзишгарони намоёни он ба шумор мераванд.
Дар мусобиқа ҳамчунин дастаҳои Озарбойҷон, Молдова, Чин, Ҷумҳурии Корея, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва якчанд кишвари Аврупо иштирок менамоянд.
Бархе дастаҳо бо шумораи маҳдуди варзишгарон ҳузур доранд, вале дар байни онҳо ҷудочиёне низ ҳастанд, ки метавонанд барои медалҳо дар вазнҳои худ мубориза баранд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, марҳилаи «Grand Slam» дар Душанбе бо сатҳи баланди рақобат фарқ мекунад. Қариб дар ҳар вазн варзишгарони сатҳи байналмилалӣ ҳузур доранд, ки мақоми мусобиқаро боло бурда, онро ба яке аз рӯйдодҳои муҳими мавсим табдил медиҳад.
Барои тими мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи хонагӣ имконияти ба даст овардани натиҷаҳои баландро фароҳам меорад, аммо сатҳи рақобат аз муборизаи шадид дар ҳамаи вазнҳо дарак медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






