Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт

Апрель 6, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи фестивал-намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузории чунин чорабинии байналмилалиро нишонаи рушди ҳамкории гуногунҷанба дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ намуд.

Изҳор гардид, ки фестивал дар муддати кӯтоҳ ба шакли беназири байналмилалии муколама табдил ёфта, ба ташаккули модели нави рушди таҳсилот, густариши ҳамкории илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат менамояд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва таҳдидҳои муосир рушди ҳамгироии илму маориф, технология ва инноватсия аҳаммияти калидӣ дошта, маҳз тавассути чунин платформаҳо метавон заминаи рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиётро таъмин кард.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода  иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои рушди босифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Таъкид гардид, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имконияти таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкории илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки сифати низоми таҳсилот ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои асосии муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, мутахассисони соҳибкасб кафили рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар фестивал намояндагони корпуси дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории фестивалро дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Баъди анҷоми қисми расмӣ иштирокчиён бо намоишгоҳи донишгоҳҳои хориҷӣ дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе» шинос гардиданд. Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 10 ҳазор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо имконияти таҳсил, барномаҳои таълимӣ ва пешниҳодҳои стипендиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз давлатҳои гуногун шинос гардиданд.

Тибқи барномаи фестивал, дар нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзуи «Сифати таълим ва мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ватанӣ масъалаҳои муҳимми рушди таҳсилоти олӣ ва ҳамкории байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 аз 6 то 10 апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара баргузор мегардад. Он ба рушди ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат ва таҳкими робитаҳои илмӣ мусоидат менамояд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст