Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 апрел дар шаҳри Минск Намоишгоҳи 28-уми байналмилалии хизматрасониҳои сайёҳӣ «ОТДЫХ-2026» баргузор гардид, ки дар он иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.
Дар намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ва кормандони дипломатӣ иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ намояндаи Тоҷикистон дар бораи иқтидори соҳаи сайёҳии мамлакат, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, манзараҳои гуногуни табиати нотакрор, обҳои мусаффо, сиёсати давлатӣ дар самти рушди соҳаи гардишгарӣ, ислоҳоти давлатӣ дар бораи осон намудани рафту омади шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон, инчунин ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ барои ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, сиёсати фазои кушод ва рейтинги байналмилалии мамлакат рӯнамои ҷолиб ва навори видеоиро намоиш дод.
Дар доираи ҳафтаи сайёҳӣ Форуми байналмилалии «Travel Hub»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Ҳамоиш бузургтарин намоишгоҳи сайёҳии Беларус дар бахши гардишгарӣ ва сайёҳат маҳсуб мешавад. Чорабинии мазкур абзори тиҷорати байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ, мақомоти соҳавӣ, меҳмонхонаҳо, маҷмааи дармонгоҳҳо мебошад, ки маҳсулот ва хизматрасониҳоро ба бозори Беларус пешниҳод менамояд. Дар кишвари иқомат имсол бори нахуст аст, ки намоишгоҳ дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии «BELEXPO» доир мегардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус













Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






