«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд

Апрель 22, 2026 15:40

 ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд. Дар озмун беш аз 90 нафар донишҷӯён ва хонандагони Гимназияи назди донишгоҳ иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Озмун аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

Зимни ифтитоҳи озмун иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо ба татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) мусоидат намуда, дар кашф ва рушду такмили истеъдодҳои нав нақши муҳим мебозад. Зеро  дар замони пешрафти илму техника ва технологияҳои муосир таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат яке аз вазифаҳои асосии ҷомеа ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки ба маҳорати иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявӣ, фаҳмиши моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо баҳо гузошта мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба густариши тафаккури илмӣ-техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани завқи навоварию ихтироъкорӣ ва пайвастани илм бо истеҳсолот равона гардидааст. Ҳамзамон он муҳити созгорро барои ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ ва дақиқ фароҳам оварда, дар кашф ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон саҳми назаррас мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол барои баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти мамлакат 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Апрель 22, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд