Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад

Апрель 5, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ яке аз ҳадафҳои калидии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба ҳисоб меравад, зеро рушди иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши аҳолӣ талаботи рӯзафзун ба неруи барқро ба миён меорад.

-Дар шароити афзоиши талабот ба неруи барқ ва зарурати таъмини устувории энергетикӣ истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти махсус пайдо мекунад. Тоҷикистон, ки дорои иқтидори баланди гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамзамон имконияти васеи истифодаи энергияи офтобиро низ дорад.

Бо вуҷуди аҳамияти калони иқтидори гидроэнергетикӣ, ки пояи тавозуни миллии энергетикиро ташкил медиҳад, хусусияти даврии он сабаби ба вуҷуд омадани давраҳои норасоии қувваи барқ мегардад, ки ин ҳолат махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон равшан зоҳир мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ асосан аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ мебошад, ки он аз иқлим, параметҳои гидрологӣ, махсусан аз маҷрои об дар фасли зимистон вобастагӣ дорад. Ин ҳолат боиси норасоии неруи барқ дар баъзе минтақаҳо мегардад. Дар чунин шароит ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернативии энергия, манбаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза, энергияи «сабз», яъне энергияи Офтоб ва бод аҳамияти стратегӣ касб мекунад.

Тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ (IEA), соли 2024 истеҳсоли неруи барқ дар ҷаҳон тақрибан 31000 ТВт*соатро ташкил дода, ҳиссаи неруи барқе, ки дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст, тақрибан 32 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 6 фоиз ба ҳиссаи неругоҳҳои барқи офтобӣ рост меояд. Тавоноии муқарраршудаи неругоҳҳои офтобӣ дар ҷаҳон мунтазам афзоиш ёфта, аз 41,4 ГВт соли 2010 ба 1865ГВт ба соли 2024 баробар шудааст, ки аз рӯи ин нишондод аз ҳама намуди манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон бештар мебошад.

Шароити табиӣ-иқлимии Тоҷикистон барои рушди энергетикаи офтобӣ мусоид мебошад. Дар қисми зиёди қаламрави ҷумҳурӣ сатҳи ҷамъии радиатсияи офтобӣ ба қиматҳое мерасад, ки бо минтақаҳои дорои рушди устувори низомҳои фотоэлектрикӣ қобили муқоисаанд. Мавҷудияти чунин захира имкон медиҳад, ки истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун яке аз самтҳои умедбахши коҳиш додани сарборӣ ба низоми марказонидаи энергетикӣ баррасӣ гардад. Тибқи маълумоти ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла International Renewable Energy Agency, Тоҷикистон дорои иқтидори назарраси энергияи офтобӣ мебошад. Миқдори радиатсияи офтобӣ дар мамлакат дар як сол ба ҳисоби миёна аз 1400 то 1800 кВт*соат/м² мерасад ва шумораи рӯзҳои офтобӣ тақрибан 300 рӯз дар як сол мебошад. Ин нишондиҳандаҳо заминаи мусоидро барои татбиқи технологияҳои офтобӣ ва рушди самти истифодаи энергияи Офтоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меоранд. Ҳангоми дуруст ба роҳ мондани чораҳои амалии рушди соҳа ва имконоти мавҷуда ҷумҳурӣ метавонад баъд аз 15-20 сол ба яке аз давлатҳои пешсафи истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои офтобӣ мубаддал гардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди дигар мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон дар пайи рушд ва пешрафти самти манбаҳои барқароршавандаи энергия буда, барои истифодаи васеъ, дастгирии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шарикони рушд бо фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар назар дошта шудааст, ки солҳои наздик Тоҷикистон бо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия 100 фоиз ба давлати истеҳсолкунандаи энергияи “сабз” табдил ёбад.

20 ноябри соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба корҳои сохтмонӣ дар ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт-250 мегаватт дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшиданд. Ин неругоҳҳои офтобии бузург то моҳи августи соли 2026 ба истифода дода хоҳанд шуд.

Инчунин бо мақсади самаранок истифода намудани захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ аз ҳисоби гидроэнергетика ва манбаъҳои дигари барқароршавандаи энергия ва ба ин васила зиёд намудани иқтидори нави истеҳсолии энергетикаи барқии мамлакат, навсозии иқтидори амалкунанда ва зиёд намудани иқтидори лоиҳавии онҳо ва ҳамзамон васеъ намудани имконияти техникии шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2025 «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» тасдиқ гардид. Дар доираи ин барнома истифодаи самараноки энергияи Офтоб низ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, афзудани тавоноӣ ба 1500 МВт аз ҳисоби энергияи Офтоб ба нақша гирифта шудааст.

Бо амалисозии нақшаву барномаҳои миллӣ соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон дорои дурнамои васеъ буда, метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад. Бо татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи энергетика, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоягузорӣ ин соҳа метавонад дар ояндаи наздик дар иқтисодиёти мамлакат нақши назаррас гузорад.

Шерхон СУЛТОНЗОДА,
мудири кафедраи неругоҳҳои электрикии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи
академик Муҳаммад Осимӣ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

АКС аз муаллиф

 

 

Апрель 5, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушди он ба афзоиши рақобатпазирии давлат дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд
РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ замина фароҳам меорад
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ чӣ гуна аст?
Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд