Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас, ки байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, бо хушнудӣ истиқбол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Умедворем, ки музокираҳои рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда сабаби сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа мегарданд.
Боварӣ дорем, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар гардонида, ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд.
Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид ба кор гиранд», — гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






