Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллии шаҳрвандон нақши муҳим дошта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар ташаккули давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеа бо барномаҳои созандаю ҷадид мардумро ба ҳам овардаю ҳамдил намуд. Ин рисолати мафкурасоз имкон медиҳад, ки арзишҳои давлатдорӣ дар шуури насли ҷавон ҳамчун мероси аҷдодӣ ва ниёзи ҳаётӣ реша давонда, суботи сиёсии мамлакатро таҳким бахшанд.
– Дар ин замина Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо идоракунандаи равандҳои сиёсӣ, балки тавлидкунандаи неруи созандае мебошад, ки иродаи дастҷамъонаи мардумро ба сӯи ҳадафҳои стратегии миллӣ равона месозад. Бинобар ин, муваффақияти ҳизби мазкур дар он зоҳир мегардад, ки манфиати давлату миллат дар зеҳни шаҳрвандон ба ҳадафи воҳид ва ҷудонопазир табдил ёфтааст.
Ҳизб дар асоси арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои давлатдории навини тоҷикон ташаккул ёфта, барномаҳоро барои таҳкими худшиносии миллии шаҳрвандон ва пешрафти ҷомеа таҳти шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон» амалӣ менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои фаъолият дастгирӣ ва таҳкими мавқеи ҷавононро дар меҳвар қарор дода, татбиқи самарабахши ин сиёсатро кафолати расидан ба ҳадафҳои барномавии худ медонад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳадафи ташаккули донишҳои сиёсӣ, маърифатии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин ҷалби онҳо ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.
Дар зимн, ҷавонони саодатманду худшиноси Ватан имрӯзҳо бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо садоқату масъулият дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рисолати хешро барои ҳифз ва муаррифии арзишҳои милливу давлатӣ иҷро намуда истодаанд.
Ҷавонони имрӯз бо шукргузорӣ аз шароити мусоид ва суботи кишвар баланд бардоштани мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ қарзи шаҳрвандӣ ва масъулияти ватандӯстӣ меҳисобанд. Бояд гуфт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат заминагузори асосии ин худшиносӣ ва масъулиятпазирии насли ҷавон гардидааст.
Пайдост, ки ҷавонон сармояи бебаҳои ҳар миллатанд. Агар ин неру дуруст тарбия ёбад, ояндаи миллатро метавон пурнур ва устувор тасаввур кард. Имрӯз, дар шароити соҳибистиқлолӣ ҷавонони Тоҷикистон имконият доранд, ки аз озодӣ ва неъматҳои давлатдории миллӣ баҳраманд шуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.
Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши ҷавононро дар бунёди давлатдории муосир ва рушди миллӣ муҳим мешуморад. Дар баробари ин, аз ҷавонон тақозо мешавад, ки сабақҳои истиқлолро амиқ омӯзанд, аз рӯйдодҳои ҷаҳони муосир огоҳ бошанд, таърихи миллатро бишносанд ва бо эҳтиром ба Ватан, забон, фарҳанг ва рамзҳои давлатӣ парвариш ёбанд, ба варзиш шуғл варзида, бардаму солим ба камол расанд.
Муслим УСМОНЗОДА,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






